Июн 28, 2018 16:40 Asia/Dushanbe
  • Баҳрабардорӣ аз марҳалаи дуввуми бузургтарин полоишгоҳи маҳсулоти газии ҷаҳон дар Эрон

Фоз (марҳала)-и дуввуми полоишгоҳи маҳсулоти газии Ситораи Халиҷи Форс ба унвони бузургтарин полоишгоҳи маҳсулоти гази ҷаҳон, бо ҳузури раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ифтитоҳ шуд.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии раёсатҷумҳурӣ, Ҳасани Рӯҳонӣ рӯзи панҷшанбе бо ҳузур дар полоишгоҳи Ситораи Халиҷи Форс, аз утоқи контрол ва қисматҳои мухталифи фози дуввуми ин полоишгоҳ дидан кард.

Бо роҳандозии фози дуввуми полоишгоҳи Ситораи Халиҷи Форс, мизони тавлиди бензини евро 5 аз 12 ба 24 миллион литр дар рӯз ва тавлиди нефту газ низ аз чаҳор ба ҳашт миллион литр дар рӯз мерасад.

Полоишгоҳи маҳсулоти газии Ситораи Халиҷи Форс нахустин полоишгоҳи тарроҳишуда бар асоси хӯроки маҳсулоти газӣ бо зарфияти полоиши 360 ҳазор бушка дар рӯз, дар қолаби се фози 120 ҳазор бушкаӣ бо ҳадафи тавлиди бензин, салярка, гази моеъ ва сӯхти ҳавопаймо дар устони Ҳурмузгон (ҷануби Эрон), сохта шудааст.

Тавлиди рӯзона 36 миллион литр бензин бо кайфияти евро 5, 14миллион литр саляркаи сабук ва сангин, беш аз се миллион литр сӯхти ҳавопаймо, беш аз чаҳор миллион литр гази моеъ, 130 тон гӯгирди ҷомид ва 425 тон ҳидружен аз маҳсулоти ниҳоии ин полоишгоҳ ба шумор меравад.

 

Барчасп