Июл 06, 2018 16:44 Asia/Dushanbe
  • Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон: Ихтилофи миёни шиъа ва суннӣ хости саҳюнистҳо аст

Имоми ҷумъаи муваққати Теҳрон гуфт: Саҳюнистҳо дар миёни мусулмонон ихтилоф эҷод мекунанд ва аз сӯи дигар дар расонаҳои худ ин ихтилофҳоро ба намоиш мегузоранд, то бигӯянд, ҳақиқати ислом ин аст.

Оятуллоҳ Муҳаммади Имомии Кошонӣ дар хутбаҳои ин ҳафтаи намози ҷумъаи Теҳрон, бо баёни инки бояд дар баробари душман, ба мардум наздик шуд то душман натавонад нуфуз кунад, тасреҳ кард: Ҷараёни ташайюъи англисӣ дар шабакаҳои телевизионӣ боиси ихтилофи миёни шиъа ва суннӣ мешавад ва ин ихтилоф хости саҳюнистҳо аст.

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон афзуд: Душман имрӯз нақши муҳимме дар ҷанги иқтисодӣ зидди Эрон дорад.

Вай ҳамчунин зимни таслият ба муносибати солрӯзи шаҳодати Имом Содиқ (а) таъкид кард: Ҳамон тавр, ки Имом Содиқ (а) дар даврони худ ваҳдати миёни мусулмононро думбол мекарданд, имрӯз ҳам ваҳдати калима хости Ҷумҳурии Исломии Эрон аст.

Рӯзи душанбе нуҳуми июли 2018 мусодиф бо 25 шаволи 1439 солрӯзи шаҳодати Имом Ҷаъфари Содиқ (а) аст.

 

Барчасп