Муовини собиқи мушовири амнияти миллии режими саҳюнистӣ: Бехобӣ аз ҳароси ҷанг бо Эрон/ ҳатто тасаввури ҷанг бо Эрон бароям сахт аст
(last modified 2018-07-09T16:02:21+00:00 )
Июл 09, 2018 21:02 Asia/Dushanbe
  • Муовини собиқи мушовири амнияти миллии режими саҳюнистӣ: Бехобӣ аз ҳароси ҷанг бо Эрон/ ҳатто тасаввури ҷанг бо Эрон бароям сахт аст

Муовини собиқи мушовири амнияти миллии режими саҳюнистӣ дар мусоҳибае тафсилӣ бо нашрияи Ҳааретс, аз ҳароси набард бо Эрон, нотавонӣ дар хориҷ кардани Эрон аз Сурия, нуқоти заъфи стратегии сохтории режими саҳюнистӣ ва аз кинояи дипломати эронӣ ба мақомҳои канадаӣ сухан гуфтааст.

“Ҷанг бо Эрон чизест, ки ҳатто намехоҳам тасаввурашро бикунам”, ин ҷумлаест, ки Эран Етзиюн, ки солҳо дар олитарин сутуҳи Шӯрои амнияти режими саҳюнистӣ фаъолият карда дар мусоҳиба  бо Ҳааретс дар бораи эҳтимоли вуқуи даргирии низомии миёни Телавиву Теҳрон мегӯяд.

Вай, ки соли 1992 вориди вазорати хориҷаи режими саҳюнистӣ шуд , дар солҳои баъд то радаи муовини Шӯрои амнияти ин режим ҳам иртиқо ёфт.

Вай дар соли 2013 қарор буд, ба унвони кордори сафорати Исроил дар Вашингтон мансуб шавад.

Дар он сол расонаҳо гузориш доданд, шуморе аз мақомҳои вазорати хориҷаи режими саҳюнистӣ ба далели гуфтугӯи бидуни муҷаввиз бо расонаҳо тавбих ва бархе таълиқ шудаанд ва Етзиюн яке аз ин афрод буд.