Зариф: Эрон аз Амрико назди Девони байналмилалии додгустарӣ шикоят кард
Июл 16, 2018 19:56 Asia/Dushanbe
Вазири хориҷаи ҷумҳурии исломии Эрон, гуфт: Теҳрон аз Амрико ба далели эъмоли муҷаддади таҳримҳои якҷониба алайҳи Эрон, ба Девони байналмилалии додгустарӣ шикоят кард.
Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири хориҷаи Эрон дар Титтер навишт: Эрон дар баробари зиддияти Амрико бо дипломатия ва тааҳҳудоти ҳуқуқӣ, бар ҳокимияти қонун таъкид дорад ва зарурӣ аст, ки бо ин рафтори Амрико дар нақзи ҳуқуқи байналмилал, бархурд шавад.
Раисҷумҳури Амрико ҳаштуми майи 2018 бо такрор иттиҳомҳои беасос алайҳи Эрон, хуруҷ Вашингтон аз БАРҶОМ ва бозгашти таҳримҳои ҳастаии зидди Эронро эълом кард.
Барчасп