Зоирони эронии ҳаҷ фардо роҳии Мадина мешаванд
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i36689-Зоирони_эронии_ҳаҷ_фардо_роҳии_Мадина_мешаванд
Раиси Созмони ҳаҷ ва зиёрати Эрон гуфт, нахустин корвони 270-нафараи зоирони эронии ҳаҷи фарзӣ субҳи фардо ба Мадинаи Мунаввара эъзом мешавад.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Июл 17, 2018 12:33 Asia/Dushanbe
  • Зоирони эронии ҳаҷ фардо роҳии Мадина мешаванд

Раиси Созмони ҳаҷ ва зиёрати Эрон гуфт, нахустин корвони 270-нафараи зоирони эронии ҳаҷи фарзӣ субҳи фардо ба Мадинаи Мунаввара эъзом мешавад.

Ҳамид Муҳаммадӣ, раиси Созмони ҳаҷ ва зиёрати Эрон рӯзи сешанбе дар гуфтугӯ бо ИРНА афзуд, то кунун 25 ҳазор нусха раводиди электронӣ барои зоирони ҳаҷи фарзӣ содир шудааст ва бақия низ дар чанд рӯзи оянда анҷом мешавад.

Имсол 85 ҳазору 200 зоири эронӣ барои ҳузур дар кунгураи азими ҳаҷи фарзӣ ба Арабистон эъзом мешавад.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ рӯзи душанбе дар дидори масъулини ҳаҷ ин фаризаро мазҳари омехтагии «маънавият ва сиёсат» ва муҳимтарин вижагии онро иҷтимои мусалмонон дар замону макони мушаххас дониста гуфтанд, ҳаҷи воқеӣ ҳаҷе аст, ки аз як тараф ҳамроҳ бо бароат аз мушрикин бошад ва аз тарафи дигар заминасози ваҳдату ҳамдилӣ ва яксадоии мусалмонон шавад.