Посухи Зариф ба дуруштгӯии Трамп: Муроқиб бош!
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i36853-Посухи_Зариф_ба_дуруштгӯии_Трамп_Муроқиб_бош!
Вазири умури хориҷии Эрон шаби душанбе ба изҳороти тунди раисҷумҳури Амрико алайҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон посух дод.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июл 24, 2018 05:56 Asia/Dushanbe
  • Посухи Зариф ба дуруштгӯии Трамп: Муроқиб бош!

Вазири умури хориҷии Эрон шаби душанбе ба изҳороти тунди раисҷумҳури Амрико алайҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон посух дод.

Ба гузориши ИРНА, Муҳаммадҷаводи Зариф дар “Твиттер” навишт, таҳдидҳои Трамп барои эрониён аҳамияте надорад ва эрониҳо 40 сол аст, ки ин гуна ҳарфҳоро мешунаванд. Вазири умури хориҷии Эрон хитоб ба Трамп таъкид кард: «Эрониён ҳазорон сол аст, ки ҳастанд ва суқути империяҳо, аз ҷумла империяи худро, ки аз умри бархе кишварҳо тӯлонитар буд, дидаанд. Муроқиб бош!”.

Трамп рӯзи душанбе дар вокуниш ба суханони ахири Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки таъкид карда буд, Амрико набояд бо думи шер бозӣ кунад, дар сафҳаи шахсии худ дар “Твиттер” навишт: “Эрон дар сурати таҳдид кардани дубораи Амрико шоҳиди авоқибе хоҳад буд, ки таърих пеш аз ин камтар ба худ дидааст”. Рӯҳонӣ рӯзи якшанбе дар посух ба амрикоиҳо, ки гуфта буданд, намегузоранд нафти Эрон содир шавад, гуфт, раисҷумҳури Амрико бидонад, ки Эрон зомини амнияти оброҳи минтақа дар тӯли таърих будааст ва Амрико бо думи шер бозӣ накунад, чаро ки посухи Эрон пушаймонкунанда хоҳад буд.