Зариф: Амрико бояд эътиёдаш ба таҳримҳоро бартараф кунад
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i36971-Зариф_Амрико_бояд_эътиёдаш_ба_таҳримҳоро_бартараф_кунад
Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон бо баёни инки шароити кунунӣ фурсатҳои бисёре барои Эрон эҷод кардааст, тасреҳ кард: Имрӯз Амрико худро дар инзиво ва ниёзманд ба фишорҳои бисёр ошкори сиёсӣ барои пешбурди аҳдофаш мебинад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июл 29, 2018 09:07 Asia/Dushanbe
  • Зариф: Амрико бояд эътиёдаш ба таҳримҳоро бартараф кунад

Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон бо баёни инки шароити кунунӣ фурсатҳои бисёре барои Эрон эҷод кардааст, тасреҳ кард: Имрӯз Амрико худро дар инзиво ва ниёзманд ба фишорҳои бисёр ошкори сиёсӣ барои пешбурди аҳдофаш мебинад.

Муҳаммадҷаводи Зариф рӯзи якшанбе дар ҳамоиши муштараки сафирон ва раисони намояндагиҳои Эрон бо бахши хусусӣ дар Теҳрон, афзуд: Пештар дигар кишварҳо дар таҳримҳои Амрико алайҳи Эрон мушорикат мекарданд, аммо имрӯз таҳримҳои Амрико машрӯъияти худро аз даст додааст.

Ба гуфтаи вай Амрикоиҳо мехоҳанд дигаронро водор кунанд хилофи мусаввабаи Шӯрои амнияти Созмон милал амал кунанд.

Вазири умури хориҷаи Эрон, бо ишора ба инки Амрикоиҳо мӯътод ба таҳрим ҳастанд ва фақат алайҳи Эрон таҳрим эъмол намекунанд, гуфт: Имрӯз навбати Аврупо аст, ки миёни таъмини манофеи Амрико ва шахси Доналд Трамп ва таъмини манофеи худ, якеро баргузинад.

Зариф бо баёни инки ҷаҳон ба ин натиҷа расида, ки бояд Амрико эътиёдашро ба таҳримҳо бартараф кунад, афзуд: Эрон метавонад фишорҳоро ба афзоиши тавлиди миллӣ ва афзоиши содироти ғайринафтӣ табдил кунад ва ба Амрикоиҳо нишон диҳад, ки бояд эътиёдашон ба таҳримҳоро тарк кунанд.

Вай бо интиқод аз вобастагии амниятӣ ва машрӯъияти баъзе кишварҳои минтақа ба Амрико, тасреҳ кард: Амрикоиҳо дар гузашта муддаии намояндагии ҷаҳон буданд, аммо амрикоиҳо акнун дар баробари назми либерали иқтисоди ҷаҳонӣ, ки худашон солҳо барои эҷоди он талош кардаанд, истодаанд.