Зариф: Амрико ба таҳрим кардан эътиёд дорад
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i37001-Зариф_Амрико_ба_таҳрим_кардан_эътиёд_дорад
Вазири хориҷаи ҷумҳурии исломии Эрон гуфт, Амрико ба таҳрим кардани кишварҳо эътиёд пайдо карда ва бояд ин эътиёди худро тарк кунад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июл 30, 2018 15:58 Asia/Dushanbe

Вазири хориҷаи ҷумҳурии исломии Эрон гуфт, Амрико ба таҳрим кардани кишварҳо эътиёд пайдо карда ва бояд ин эътиёди худро тарк кунад.

Муҳаммадҷаводи Зариф дар Ҳамоиши муштараки сафирон ва раисони намояндагиҳои Эрон бо бахши хусусӣ дар Теҳрон афзуд: Пештар, дигар кишварҳо дар таҳримҳои Амрико алайҳи Эрон мушорикат мекарданд, аммо имрӯз таҳримҳои Амрико машруияти худро аз даст додааст, чун амрикоиҳо мехоҳанд, дигаронро водор кунанд, хилофи мусаввабаи Шӯрои амният амал кунанд.   

Вай бо ишора ба инки амрикоиҳо муътод ба таҳрим ҳастанд ва таҳримҳоро фақат алайҳи Эрон иҷро намекунанд, гуфт: Имрӯз навбати Аврупо аст, ки миёни таъмини манофеи Амрико ва шахси Доналд Трамп ва таъмини манофеи худ, якеро баргузинад.