Июл 31, 2018 17:15 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Акнун туп дар замини Аврупо аст

Раисҷумҳури исломии Эрон аз Аврупо хост, пас аз хориҷ шудани Амрико аз тавофуқи ҳастаӣ барои ҳифзи ин тавофуқи байналмилалӣ бо ҳама тавон талош кунад.  

Ҳасани Рӯҳонӣ ҳангоми дарёфти устуворномаи Роберт Макар, сафири ҷадиди Англия дар Теҳрон бо интиқод аз амал накардани комили бархе имзокунандагони БАРҶОМ (тавофуқи ҳастаӣ) ба тааҳҳудоти худ дар бахшҳои тиҷорӣ, иқтисодӣ ва равобити бонкӣ гуфт: Акнун пас аз хуруҷи ғайриқонунии Амрико аз БАРҶОМ, дар фурсати маҳдуд боқимондаи туп дар замини Аврупо аст.

Раисҷумҳури Эрон гуфт: Иқдомоти шаффофи Аврупо барои ҷуброни хуруҷи ғайриқонунии Амрико аз тавофуқи ҳастаӣ, аҳаммияти бисёр дорад.

 

Барчасп