Август 04, 2018 10:38 Asia/Dushanbe
  • Қаҳрамонии тими шатранҷи мардони Эрон дар Ҷоми миллатҳои Осиё

Тими шатранҷи мардони Эрон унвони қаҳрамонии ҳама бахшҳо (Hattrick) - и Ҷоми миллатҳои Осиё - 2018 (стандарт, сареъ ва барқосо) - ро ба худ ихтисос дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, тими шатранҷи мардони Эрон дар рақобатҳои асри рӯзи ҷумъа, болотар аз тимҳои Чин ва Ветнам, унвони қаҳрамонии бахши “Барқосо” -и Ҷоми миллатҳои Осиё – 2018 - ро ба худ ихтисос дод.

Пеш аз ин низ дар бахши “Стандарт” ва “Сареъ” тими шатранҷи мардони Эрон қаҳрамони Ҷоми миллатҳои Осиё - 2018 шуда буд.

Мусобиқоти тими Ҷоми миллатҳои Осиё аз 27 –уми июл то 3 - юми август ба мизбонии шаҳри Ҳамадон (ғарби Эрон) баргузор шуд.

 

Барчасп