Вушукорони Эрон қаҳрамони ҷаҳон шуданд
Август 05, 2018 12:26 Asia/Dushanbe
Тими вушуи донишҷӯёни Эрон бо касби чаҳор медали тилло, қаҳрамони рақобатҳои донишҷӯёни ҷаҳон дар бахши санда шуд.
Рақобатҳои вушуи қаҳрамонии донишҷӯёни ҷаҳон, ки аз панҷшанбе бо ҳузури 250 вушукор аз 26 кишвар ба мизбонии Макао оғоз ба кор карда буд, имрӯз ба поён расид.
Дар рӯзи поёнии ин рақобатҳо, чаҳор сандакори Эрон, ки ба дидори поёни вазнҳои мухталифи бахши духтарон ва писарон роҳ ёфта буданд, ҳамагӣ бо ғалаба бар ҳарифони худ ба медали тилло расиданд.
Тими вушуи донишҷӯёни Эрон илова бар расидан ба унвони қаҳрамонӣ дар бахши санда, дар маҷмуъ ду бахши тало ва санда бо касби чаҳор медали тилло, ноибқаҳрамонии ҷаҳонро ба худ ихтисос дод.
Барчасп