Зариф: Ҷаҳон намехоҳад таҳримҳои зиддиэронии Амрикоро иҷро кунад
Август 08, 2018 12:06 Asia/Dushanbe
Вазири хориҷаи Эрон гуфт, ҷаҳон тамоюл надорад, таҳримҳои зиддиэронии Амрикоро иҷро кунад ва имрӯз кишварҳои мухталиф талош мекунанд, дар баробари ин таҳримҳо биистанд.
Муҳаммадҷаводи Зариф бори дигар бар ғайри қобили эътимод будани Амрико таъкид кард ва афзуд: “Ҳамон қадр, ки иддаои Доналд Трамп барои музокира бо Эрон арзиши таваҷҷуҳ надорад, иддаоҳои онҳо мабнӣ бар фишор бар Эрон низ қобили эътино нест”.
Вай таъкид кард: Амрикоиҳо ҳеҷгоҳ барои музокира бо Эрон садоқат надоштанд ва пешниҳоди Трамп барои музокира бо Эрон як ҳаракати таблиғотӣ буд.
Барчасп