Раҳбари инқилоб дар посух ба нигарониҳо нисбат ба ояндаи инқилоб: Аслан нигарон набошед
(last modified 2018-08-09T05:49:32+00:00 )
Август 09, 2018 10:49 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари инқилоб дар посух ба нигарониҳо нисбат ба ояндаи инқилоб: Аслан нигарон набошед

Дар рӯзҳои ахир ҷамъе аз фаъолони фарҳангии хориҷ аз Эрон бо Раҳбари инқилоб дидор карданд ва яке аз ҳуззор нигаронии алоқамандон ба инқилоб дар он сӯи марзҳоро аз оянда баён кард.

Ба гузориши дафтари ҳифз ва нашри осори ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоб дар посух ба ин нигарониҳо гуфтанд: «Нисбат ба авзои мо аслан нигарон набошанд, ҳеҷ кас ҳеҷ ғалате наметавонад бикунад». Эшон идома доданд: «Мутмаин бошанд, ҳеҷ тардиде дар ин ҷиҳат вуҷуд надорад; инро ба ҳама бигӯед».