Раҳбари инқилоб дар посух ба нигарониҳо нисбат ба ояндаи инқилоб: Аслан нигарон набошед
Август 09, 2018 10:49 Asia/Dushanbe
Дар рӯзҳои ахир ҷамъе аз фаъолони фарҳангии хориҷ аз Эрон бо Раҳбари инқилоб дидор карданд ва яке аз ҳуззор нигаронии алоқамандон ба инқилоб дар он сӯи марзҳоро аз оянда баён кард.
Ба гузориши дафтари ҳифз ва нашри осори ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоб дар посух ба ин нигарониҳо гуфтанд: «Нисбат ба авзои мо аслан нигарон набошанд, ҳеҷ кас ҳеҷ ғалате наметавонад бикунад». Эшон идома доданд: «Мутмаин бошанд, ҳеҷ тардиде дар ин ҷиҳат вуҷуд надорад; инро ба ҳама бигӯед».