Зариф: Сармастии Трамп аз таҳмили мушкилоти иқтисодӣ ба Туркия шармовар аст
Август 11, 2018 12:10 Asia/Dushanbe
Вазири хориҷаи Эрон дар вокуниш ба таҳримҳои ҷадиди Амрико алайҳи Туркия, таъкид кард, Сармастии Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико аз таҳмили мушкилоти иқтисодӣ ба Туркия шармовар аст.
Муҳаммадҷаводи Зариф ба давлати Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико ҳушдор дод, то эътиёди худ ба таҳрим ва зӯргуиро канор бигузорад, дар ғайри ин сурат кулли ҷаҳон алайҳи Вашингтон муттаҳид хоҳад шуд.
Зариф дар ин паём зимни эъломи ҳимояти Эрон аз Туркия таъкид кард: “Мо қаблан низ дар канори ҳамсоягони худ истодаем ва ҳоло низ дубора ҳамин корро хоҳем кард”.
Барчасп