Қосимӣ: Иродаи миллатҳоро ба зӯр ва бо таҳдид наметавон тағйир дод
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i37297-Қосимӣ_Иродаи_миллатҳоро_ба_зӯр_ва_бо_таҳдид_наметавон_тағйир_дод
Сухангуи Вазорати хориҷаи ҷумҳурии исломии Эрон, гуфт: Дигарон наметавонанд иродаи миллатҳоро ба зӯр ва бо таҳдид тағйир диҳанд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Август 12, 2018 17:46 Asia/Dushanbe
  • Қосимӣ: Иродаи миллатҳоро ба зӯр ва бо таҳдид наметавон тағйир дод

Сухангуи Вазорати хориҷаи ҷумҳурии исломии Эрон, гуфт: Дигарон наметавонанд иродаи миллатҳоро ба зӯр ва бо таҳдид тағйир диҳанд.

Баҳроми Қосимӣ, сухангуи Вазорати хориҷаи Эрон дар вокуниш ба таҳримҳои Амрико зидди Туркия, дар гуфтугӯ бо хабаргузории садо ва симо афзуд: Эрон ҳамвора ва дар ҳамаи мақотеъ дар канори кишвар, миллат ва давлати Туркия будааст.  

Вай тасреҳ кард: Робитаи Эрон ва Туркия, ки ҳамвора робитаи хубе будааст, имрӯз низ монанди гузашта ба хубӣ пеш меравад ва ду кишвар метавонанд дар шароити кунунӣ низ шарикони хубе барои якдигар бошанд.