Қосимӣ: Иродаи миллатҳоро ба зӯр ва бо таҳдид наметавон тағйир дод
Август 12, 2018 17:46 Asia/Dushanbe
Сухангуи Вазорати хориҷаи ҷумҳурии исломии Эрон, гуфт: Дигарон наметавонанд иродаи миллатҳоро ба зӯр ва бо таҳдид тағйир диҳанд.
Баҳроми Қосимӣ, сухангуи Вазорати хориҷаи Эрон дар вокуниш ба таҳримҳои Амрико зидди Туркия, дар гуфтугӯ бо хабаргузории садо ва симо афзуд: Эрон ҳамвора ва дар ҳамаи мақотеъ дар канори кишвар, миллат ва давлати Туркия будааст.
Вай тасреҳ кард: Робитаи Эрон ва Туркия, ки ҳамвора робитаи хубе будааст, имрӯз низ монанди гузашта ба хубӣ пеш меравад ва ду кишвар метавонанд дар шароити кунунӣ низ шарикони хубе барои якдигар бошанд.
Барчасп