Рӯҳонӣ: Эрон ҳаргиз аз хуни шаҳидони Мино нахоҳад гузашт
(last modified Wed, 07 Sep 2016 09:51:22 GMT )
Сентябр 07, 2016 14:51 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Эрон ҳаргиз аз хуни шаҳидони Мино нахоҳад гузашт

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, давлат ва низоми Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳаргиз аз хуни шаҳидони мазлуми фоҷеаи Мино нахоҳанд гузашт.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи чаҳоршанбе бо гиромидошти Солгарди шаҳодати мазлумонаи ҳоҷиёни мазлуми Байтуллоҳилҳаром гуфт: "Давлати Саудӣ, ки бо монеътарошӣ аз эъзоми ҳоҷиёни эронӣ ҷилавгирӣ кардааст, имсол илова бар ҳамаи ҷурмҳои гузашта, корномаи худро ба гуноҳи "Сад ан сабилиллоҳ" (бастани роҳи Худо) ҳам олуда кард".

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо баёни ин ки ҷон бохтани мардон ва занони мусулмон дар сарзамини Мино ҳодисае ғамнок ва дарднок барои ҳамаи инсонҳо буд, афзуд: "Мардуми мусулмон ва ҳоҷиёне, ки барои анҷоми фаризаи ҳаҷ ба сарзамини Арабистон сафар карда буданд, мазлумона зери дасту по афтоданд ва маъмурон ҳам ба ҷойи имдодрасонӣ, назорагар буданд ва иқдомоти ҷиддӣ барои наҷоти мазлумон анҷом нагирифт".

Рӯҳонӣ бо ибрози таассуф аз ин ки пайкари шаҳидони фоҷеаи Мино дар бисёре аз кишварҳо таҳвил дода нашуд, гуфт: "Дар чунин шароите талош ва пайгирии масъулони ҳаҷ, вазоратхонаҳои умури хориҷа, беҳдошт ва иршоди исломии Эрон ва низ раҳнамудҳо ва баёноти мақоми муаззами раҳбарӣ дар маҷмӯъ заминаеро фароҳам кард, ки пайкари ҳоҷиёни эронӣ шиносоӣ ва ба Эрон бозгардонда шавад".

Раиси қувваи муҷрияи Эрон афзуд: "Давлати Арабистон, ки дар қиболи бемасъулиятии худ таҳти фишори сиёсӣ ва ҳуқуқии давлати Эрон қарор гирифт, ба думболи баҳонае буд, ки худро аз он раҳо кунад, бинобарин бо фирори рӯ ба пеш ва намоиши қатъи робитаи сиёсӣ, худашро аз фишорҳои сиёсӣ ва ҳуқуқии давлати Эрон ҷудо кард".

Рӯҳонӣ бо таъкид бар ин ки мушкили мавҷуд бо Арабистон фаротар аз масоиле монанди ҳаҷ аст, афзуд: "Кишварҳои минтақа ва дунёи Ислом барои ҳалли мушкилоти мавҷуд ва танбеҳи давлати Арабистон бояд иқдомоти ҳамоҳангӣ анҷом диҳанд то аз як сӯ ҳаҷ шарофатмандона ва иброҳимӣ ба маънои воқеии калима дар Макка ва Мадина ва Ҳарамайни шарифайн анҷом шавад ва аз сӯйи дигар, кишварҳои минтақа аз ҳимоятҳои ин режим аз терроризм наҷот ёбанд ва мардуми Яман низ битавонанд дар сулҳу амният зиндагӣ кунанд".

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид кард, давлати Ҷумҳурии Исломии Эрон ба пайгириҳои ҳуқуқӣ ва сиёсии худ барои ҷилавгирӣ аз табоҳ шудани ҳуқуқи хонаводаҳои ҷонбохтагони фоҷеаи Мино идома хоҳад дод.