Август 13, 2018 17:37 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари муаззами инқилоб: Бо Амрико музокира нахоҳем кард

Раҳбари муаззами инқилоби исломии Эрон, бо ишора ба ҳарфҳои беадабонаи мақомоти Амрико дар бораи таҳрим, ҷанг ва музокира гуфтанд: Таъкид мекунем, ҷанг нахоҳад шуд ва музокира нахоҳем кард.  

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ дар дидори ҳазорон нафар аз қишрҳои мухталифи мардум дар суханони муҳиме таъкид карданд: Ҷанге рух нахоҳад дод чаро, ки мо мисли гузашта ҳеҷ вақт шуруъкунандаи ҷанг нахоҳем буд.

Эшон идома доданд: Амрикоиҳо ҳам ҳамларо оғоз намекунанд, чун медонанд, ки сад дарсад ба зарарашон тамом хоҳад шуд.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ гуфтанд, ҷумҳурии исломӣ ва миллати Эрон собит кардаанд ба ҳар мутаарризе, зарбаи бузургтре ворид хоҳад кард.  

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар хусуси мавзуи музокира бо Амрико ҳам таъкид карданд: Бо Амрикоиҳо ба иллати вуҷуди истидлолҳои дақиқ, таҷрубаи гузашта ва зарарҳои фаровони музокира бо як режими мутаққаллиб ва зӯргу, музокира намекунем.

Эшон БАРҶОМ-ро намунаи возеҳи натиҷаи музокира бо Амрико баршумурданд ва хотирнишон карданд: Бо таваҷҷуҳ ба Формулаи амрикоиҳо дар музокира, ҳар давлате дар ҷаҳон бо онҳо музокира кунад, дучори мушкил мешавад.

 

Барчасп