Рӯзи талх барои синамо ва телевизиони Эрон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i37419-Рӯзи_талх_барои_синамо_ва_телевизиони_Эрон
Синамо ва телевизиони Эрон рӯзи ҷумъа (17 август), як бозигар ва як коргардони саршинос ва пурсобиқаи худро аз даст дод.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Август 17, 2018 14:10 Asia/Dushanbe
  • Рӯзи талх барои синамо ва телевизиони Эрон

Синамо ва телевизиони Эрон рӯзи ҷумъа (17 август), як бозигар ва як коргардони саршинос ва пурсобиқаи худро аз даст дод.

Иззатуллоҳи Интизомӣ, ки дар Эрон “Оқои бозигар” лақаб гирифта буд, субҳи имрӯз (ҷумъа) дар сини 94 солагӣ чашм аз ҷаҳон фурӯбаст.

Иззатуллоҳи Интизомӣ 21 июни 1924 дар Теҳрон таваллуд шуда буд.

Ин бозигари саршиноси синамои Эрон, дар соли 1941 нахустин намоиши ҳирфаии худро бо ном « Ултиматом», иҷро кард ва то соли 1947 тавонист дар беш аз 10 намоиш бозӣ кунад.

Интизомӣ дар соли 1969 бо бозӣ дар филми “гов”, вориди арсаи ҳирфаии синамо шуд.

Интизомӣ аввалин бозигари эронӣ буд, ки муваффақ ба дарёфти ҷоиза аз як фестивали байналмилалӣ шуд ва барои бозӣ дар филми “гов”, ҷоизаи беҳтарин бозигари нақши аввали мардро аз ҷашнвораи байналмилалии филми Чикаго дарёфт кард.

Имрӯз ҳамчунин Сайид Зиёвуддини Дуррӣ аз коргардонони беноми синамо ва телевизиони Эрон, даргузашт.

Сайид Зиёвуддини Дуррӣ соли 1954 дар Теҳрон таваллуд ва фаъолияти худро дар синамо аз соли 1983 оғоз кард.