Август 19, 2018 18:18 Asia/Dushanbe
  • Ҷаҳонгирӣ: Аврупоиҳо мутааҳҳид ба ҷуброни хуруҷи бархе ширкатҳо аз Эрон шудаанд

Муовини аввали раисҷумҳури исломии Эрон бо ишора ба охирин вазъияти бастаи пешниҳодии Аврупо барои ҳифзи БАРҶОМ гуфт: Аврупоиҳо мутааҳҳид шудаанд, хуруҷи бархе ширкатҳои хусусии худро аз Эрон бо ширкатҳои кӯчак ва мутавассит ва роҳкорҳои пешбинишуда, ҷуброн кунанд.  

Исҳоқи Ҷаҳонгирӣ дар гуфтугӯ бо Ирно бо баёни инки Эрон талош мекунад, бо хуруҷи Амрико аз БАРҶОМ, ҳамчунон аз манофеи ин тавофуқ баҳраманд шавад, изҳор кард: Эрон барои поёни БАРҶОМ ва ё идомаи ин тавофуқ, тадобири лозимро андешида ва мунтазири вокуниши кишварҳои боқимонда дар БАРҶОМ аст.

Вай афзуд: Пас аз хуруҷи Амрико аз БАРҶОМ, Амрико дар инзиво қарор гирифтааст.

 

 

Барчасп