Рӯнамоӣ аз нахустин ҳавопаймои ҷангандаи эронӣ
Нахустин ҳавопаймои ҷангандаи пешрафтаи эронӣ бо ҳузури раисҷумҳурии исломии Эрон рӯнамоӣ шуд.
Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симои Эрон, ҳамзамон бо 22 – юми август - Рӯз саноеи дифоӣ дар Эрон, аз нахустин ҳавопаймои бумии ҷангандаи пешрафтаи эронӣ ба номи “Кавсар” бо ҳузури Ҳасани Рӯҳонӣ рӯнамоӣ шуд.
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон имрӯз ҳамчунин аз намоишгоҳи охирин дастовардҳои дифоии Эрон боздид кард.
Боло бурдани тавони разму омӯзиши халабонии Нерӯи ҳавоии артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон, бумисозии сомонаҳои овеник ва контроли оташи пешрафтаи насли 4 ва сомонаҳои механикӣ ва ҳидравликии мотор аз бо бакоргирии шабакаи густурдаи ширкатҳои донишбунён ва созмонҳои санъатии Вазорати дифоъ, марокизи донишгоҳӣ ва таҳқиқотӣ, аз ҷумлаи ҳадафҳои тарроҳӣ ва сохти ҷангандаи “Кавсар” аст.
Бо рӯнамоӣ аз ин ҷанганда, ки ба сурати комилан бумӣ тавлид шудааст, Ҷумҳурии Исломии Эрон дар зумраи кишварҳои дорои фанноварии тарроҳӣ, сохти ҳавопаймо, ҷангандаҳои органик ва контроли оташ қарор гирифтааст.