Паёми табрики Рӯҳонӣ ба сарони кишварҳои исломӣ ба муносибати иди Қурбон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i37533-Паёми_табрики_Рӯҳонӣ_ба_сарони_кишварҳои_исломӣ_ба_муносибати_иди_Қурбон
Раисҷумҳури исломии Эрон, дар паёмҳои ҷудогонае фаро расидани иди Қурбонро ба сарони кишварҳои исломӣ табрик гуфт.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Август 22, 2018 17:25 Asia/Dushanbe
  • Паёми табрики Рӯҳонӣ ба сарони кишварҳои исломӣ ба муносибати иди Қурбон

Раисҷумҳури исломии Эрон, дар паёмҳои ҷудогонае фаро расидани иди Қурбонро ба сарони кишварҳои исломӣ табрик гуфт.

Ҳасани Рӯҳонӣ дар ин паёмҳо ибрози умедворӣ кард: Тамомии мусулмонони ҷаҳон битавонанд масири тақарруб ва ба авҷ расидан дар пешгоҳи малакутро бо сарбаландӣ тай кунанд.

Раисҷумҳури исломии Эрон ҳамчунин аз Худованд хоста, мусулмонон бо раҳоӣ аз хештани хеш ва бо таслим дар баробари маъбуд, бар хушунат, ифротгарӣ ва зӯрмадорӣ, ки гиребонгири башари имрӯз шудааст, фоиқ оянд.