Сентябр 01, 2018 16:48 Asia/Dushanbe
  • Паёми табрики Рӯҳонӣ ба муносибати Рӯзи истиқлоли Узбакистон

Раисҷумҳури исломии Эрон дар паёме фаро расидани солрӯзи истиқлоли Узбакистонро ба давлат ва миллати ин кишвар табрик гуфт.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳури исломии Эрон дар паёме ба Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбакистон ибрози итминон кард: Равобити дӯстонаи ду кишвар, ки дар партави сиёсати хориҷии таомулӣ ва тадобир ва ҳамкорӣ, ба таври рӯзафзуне дар ҳоли тавсеа ва таъмиқ аст, дар чорчуби таъмини манофеи муштарак ва таҳкими амният ва суботи минтақаӣ тадовум хоҳад ёфт.

Узбакистон дар аввали сентябри 1991, истиқлоли худро аз Шӯравӣ эълом кард.

 

Барчасп