Паёми табрики Рӯҳонӣ ба муносибати Рӯзи истиқлоли Узбакистон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i37760-Паёми_табрики_Рӯҳонӣ_ба_муносибати_Рӯзи_истиқлоли_Узбакистон
Раисҷумҳури исломии Эрон дар паёме фаро расидани солрӯзи истиқлоли Узбакистонро ба давлат ва миллати ин кишвар табрик гуфт.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Сентябр 01, 2018 12:18 Asia/Dushanbe
  • Паёми табрики Рӯҳонӣ ба муносибати Рӯзи истиқлоли Узбакистон

Раисҷумҳури исломии Эрон дар паёме фаро расидани солрӯзи истиқлоли Узбакистонро ба давлат ва миллати ин кишвар табрик гуфт.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳури исломии Эрон дар паёме ба Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбакистон ибрози итминон кард: Равобити дӯстонаи ду кишвар, ки дар партави сиёсати хориҷии таомулӣ ва тадобир ва ҳамкорӣ, ба таври рӯзафзуне дар ҳоли тавсеа ва таъмиқ аст, дар чорчуби таъмини манофеи муштарак ва таҳкими амният ва суботи минтақаӣ тадовум хоҳад ёфт.

Узбакистон дар аввали сентябри 1991, истиқлоли худро аз Шӯравӣ эълом кард.