Зариф: Эрон бо қудрат аз тавтеаҳои Амрико убур мекунад
Сентябр 01, 2018 13:09 Asia/Dushanbe
Вазири хориҷаи Эрон бо ишора ба иқдомҳои хасмонаи Амрико алайҳи Теҳрон таъкид кард: Эрон бо тадобири ҳушмандонае, ки андешида аст, бо қудрат аз тавтеаҳои Амрико убур мекунад.
Муҳаммадҷаводи Зариф ба эъмоли таҳримҳои якҷонибаи Амрико алайҳи Эрон ишора кард ва афзуд: Иқдомҳои хасмонаи Амрико, боиси хашми аврупоиҳо ҳам шудааст ва онҳо ба дунболи муқобила бо иқдомҳои қулдурмобонаи Амрико ҳастанд.
Вай бо баёни инки амрикоиҳо ба дунболи эҷоди фазои сиёсӣ ва ҷанги равонӣ алайҳи Эрон ҳастанд, тасреҳ кард: Наҳваи рафтори Амрико дар қиболи БАРҶОМ ҳаргуна эътимодеро ба давлати кунунии Амрико аз байн бурдааст.
Барчасп