Сентябр 08, 2018 14:19 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Эрон душмане ба ҷуз Амрико, режими саҳюнистӣ ва дунболаравҳояш надорад

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо баёни ин ки имрӯз Эрон душмане ба ҷуз Амрико, режими саҳюнистӣ ва азнобаш (дунболаравонаш) надорад, таъкид кард, Ҷумҳурии Исломии Эрон бо инсиҷом ва якдилӣ бар душманон ғалаба хоҳад кард.

Ҳасани Рӯҳонӣ, рӯзи шанбе дар чаҳордаҳумин ҷашнвораи миллии шаҳид Раҷоӣ, дар Теҳрон бо таъкид бар ин ки мардуми Эрон ҳаргиз таслими фишори Амрико нахоҳанд шуд, хотирнишон кард, миллати Эрон дар баробари фишори як гурӯҳи ҳокими ҷадид дар Кохи Сафед, ки худашон ҳам намедонанд чӣ мегӯянд ва чӣ кор мекунанд ва бо ҳама даргир ҳастанд, ҳаргиз дучори ҳарос намешавад.

Рӯҳонӣ афзуд, гурӯҳи ҷадиде, ки дар Кохи Сафед мустақар шудаанд, на танҳо бо низоми Ҷумҳурии Исломии Эрон, балки бо дӯстони қадимӣ ва суннатиашон ва бо кишварҳое, ки бо онҳо равобити иқтисодии зиёде доранд, низ дучори даргирӣ ҳастанд.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо баёни ин ки амрикоиҳо аз як тараф миллати Эронро таҳти фишор қарор медиҳанд ва аз тарафи дигар аз тариқи мухталиф пайғоми музокира мефиристанд, изҳор дошт, амрикоиҳо рафтори дугона доранд ва имрӯз ҷанг - ҷанги иқтисодӣ ва таблиғотӣ аст.

Амрико баъд аз хуруҷ аз БарҶом дар 8 – уми майи соли 2018 иқдомоте ҳамаҷониба барои эъмоли фишор алайҳи Эрон анҷом додааст.

Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико 6 – уми августи соли 2018 тайи фармоне, бархе таҳримҳои ғайриқонунии ин кишвар алайҳи Эронро бозгардонд, аммо Иттиҳоди Аврупо, Русия, Туркия ва бисёре дигар аз кишварҳо эълом кардаанд, аз таҳримҳои якҷонибаи Амрико табаият намекунанд.

 

Барчасп