Сентябр 19, 2018 20:12 Asia/Dushanbe
  • Фаро расидани Ошӯрои Ҳусайнӣ таслият бод

Панҷшанбе 20 сентябри 2018, даҳумин рӯзи муҳаррами соли 1440 ҳиҷрии қамарӣ, рӯзи Ошӯрои Ҳусайнӣ аст.

Ошӯро рӯзи шаҳодати солори шаҳидон, ҳазрати Ҳусейн, набераи поки Паёмбари гиромии Ислом (с) аст.

Эшон дар даҳуми муҳаррами соли 61 ҳиҷрии қамарӣ дар Карбало дар синни 57 солагӣ ҳамроҳ бо шуморе аз ёрони бовафояшон шаҳид шуданд.  

Мардуми азодори Эрони исломӣ имрӯз ҳамзамон бо Ошӯрои ҳусайнӣ бо ҳузур дар масоҷид, ҳусайнияҳо бо ташкили дастаҳои синазанию занҷирзанӣ ба навҳахонӣ пардохта, дар азо ва мотами сарвару солори шаҳидону ёрони бовафои эшон ашки мотам мерезанд.

Ҳадафи қиёми Имом Ҳусейн эҳёи дин буд.

Радио тоҷикии Садои Хуросон фаро расидани Ошурои Ҳусайниро ба ҳамаи мусулмонон ва озодихоҳони ҷаҳон таслият мегӯяд.