Баргузории намози зӯҳри Ошуро
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i38177-Баргузории_намози_зӯҳри_Ошуро
Азодорони ҳусайнӣ дар саросари Эрони исломӣ намози зӯҳри ошуроро ба ёди сарвар ва солори шаҳидон имом Ҳусайн(а), баргузор карданд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Сентябр 20, 2018 12:38 Asia/Dushanbe
  • Баргузории намози зӯҳри Ошуро

Азодорони ҳусайнӣ дар саросари Эрони исломӣ намози зӯҳри ошуроро ба ёди сарвар ва солори шаҳидон имом Ҳусайн(а), баргузор карданд.

Азодорони ҳусайнӣ имрӯз бо ҳузур дар ҳайатҳои мухталиф дар саросари Эрон аз соатҳои аввалияи субҳи рӯзи ошуро ба азодорӣ ва сӯгворӣ барои саид ва солори шаҳидон Ҳусайн ибни Алӣ (а) пардохтанд.

Дастаҳо ва гурӯҳҳои азодорӣ дар сафҳои муназзам ва фишурда ба занҷирзанӣ, синазанӣ ва навҳахонӣ, пардохтанд ва дар азову мотами сарвар ва солори шаҳидон ва ёрони бовфои эшон ашки мотам рехтанд.

Имрӯз панҷшанбе даҳумин рӯзи моҳи муҳаррами соли 1440 ҳиҷрии қамарӣ, (20 сентябр 2018), рӯзи ошурои ҳусайнӣ аст.

Рӯзи даҳуми муҳаррам, солрӯзи шаҳодати солори шаҳидон, ҳазрати имом Ҳусайн (а) намебари гииомии Пайёмбари ислом(с) аст, ки дар даҳуми муҳарами соли 61 ҳиҷрии қамарӣ дар Карбало дар сини 57 солагӣ, шаҳид шуданд.