Сентябр 22, 2018 14:16 Asia/Dushanbe

Террористҳо рӯзи шанбе ба режаи Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон дар Аҳвоз (ҷануби ғарби Эрон), ки ба муносибати ҳафтаи Дифои Муқаддас дар ҳоли баргузорӣ буд, ҳамла карданд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, дар ин ҳамла, террористҳо режа (парад) - и Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон дар Аҳвозро ба гулӯла бастанд.

Бар асоси гузоришҳо дар ин ҳамлаи террористӣ чанд нафар шаҳид ё захмӣ шудаанд.

Гурӯҳи террористии “Алаҳвозия” дар фазои маҷозӣ масъулияти ҳамлаи террористӣ дар Аҳвозро бар ӯҳда гирифтааст.

Бо ҳузур ва вокуниши фаврии нерӯҳои амниятиву интизомӣ, вазъ дар маҳалли режаи Нерӯҳои мусаллаҳ ором аст.

Ҳамчунин маҳалли ҳодиса низ дар дасти контрол ва назорати маъмурони амниятиву интизомӣ аст ва нерӯҳои имдодӣ ва ёрии таъҷилӣ низ дар маҳал машғули имдодрасонӣ ба садамадидаҳо ҳастанд.

Иттилооти такмилӣ баъдан эълом мешавад.