Раҳбари муаззами инқилоб: Дастгоҳҳои масъули Эрон дунболаи ҷинояткоронро таъқиб ва ба панҷаи қазоӣ бисупоранд
(last modified 2018-09-22T16:33:41+00:00 )
Сентябр 22, 2018 21:33 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари муаззами инқилоб: Дастгоҳҳои масъули Эрон дунболаи ҷинояткоронро таъқиб ва ба панҷаи қазоӣ бисупоранд

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар пайи ҳодисаи террористии рӯзи шанбе дар Аҳвоз (ҷануби ғарби Эрон), ки ба шаҳодат ва захмӣ шудани ҷамъе аз мардуми Эрон мунҷар шуд, дар паёме бо таслият ба хонаводаи шуҳадои ин ҳодисаи талх ва таассуфбор таъкид карданд, дастгоҳҳои масъули иттилоотӣ муваззафанд бо суръат ва диққат дунболаҳои ҷинояткоронро таъқиб ва ононро ба сарипанҷаи муқтадири қазоии кишвар бисупоранд.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии дафтари мақоми муъаззами раҳбарӣ, ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ дар ин паём зимни ибрози ҳамдардӣ бо хонаводаҳои шаҳидони ин ҳодисаи террористӣ ва масъалати сабр ва сакина(оромиш)-и илоҳӣ барои онон ва улуви дараҷот барои шаҳидон, таъкид карданд, ҳодисаи талх ва таассуфбори шаҳодати ҷамъе аз мардуми Эрон дар Аҳвоз ба дасти террористҳои муздӯр, як бори дигар қасоват ва хабосати душманони миллати Эронро ошкор кард.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ афзуданд, ин муздӯрони қаси-улқалб, ки ба рӯи зану кӯдак ва мардуми бегуноҳ оташ мегушоданд, вобаста ба ҳамон муддаиони дурӯғгӯи риёкоранд, ки пайваста дам аз ҳуқуқи башар мезананд ва дилҳои пуркинаи онон наметавонад таҷаллии иқтидори миллӣ дар намоиши нерӯҳои мусаллаҳро таҳаммул кунад.

Раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ тасреҳ карданд. ҷинояти инҳо идомаи тавтеаи давлатҳои дастнишонда‌и Амрико дар минтақа аст, ки ҳадафи худро эҷоди ноамнӣ дар Эрон қарор додаанд ва ба кӯрии чашми онон, миллати Эрон роҳи шарофатмандона ва ифтихоромези худро дома хоҳад дод ва монанди гузашта бар ҳамаи душманиҳо фоиқ(пирӯз) хоҳад омад.