Таъсири манфии таҳримҳои Амрико зидди Эрон бар иқтисоди Афғонистон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i38296-Таъсири_манфии_таҳримҳои_Амрико_зидди_Эрон_бар_иқтисоди_Афғонистон
Раиси Бонки марказии Афғонистон гуфт, таҳримҳои якҷонибаи Амрико зидди Эрон бар иқтисоди Афғонистон ҳам таъсири манфӣ гузоштааст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Сентябр 24, 2018 13:53 Asia/Dushanbe
  • Таъсири манфии таҳримҳои Амрико зидди Эрон бар иқтисоди Афғонистон

Раиси Бонки марказии Афғонистон гуфт, таҳримҳои якҷонибаи Амрико зидди Эрон бар иқтисоди Афғонистон ҳам таъсири манфӣ гузоштааст.

Ба гузориши хабаргузории ИРНА, Халилуллоҳ Сиддиқ дар Маҷлиси Афғонистон гуфт, ин раванди тахрибӣ бо ташдиди таҳримҳо бештар низ хоҳад шуд.

Амрико ҳаштуми майи 2018 аз БАРҶОМ хориҷ шуд ва пас аз он эълом кард, то чаҳоруми ноябри 2018 содироти нефт, газ ва петрошимии Эронро ба сифр хоҳад расонад.

Вашингтон аз кишварҳои ҷаҳон низ хоста аст, ба унвони бахше аз таҳримҳои иқтисодӣ зидди Теҳрон, воридоти нефт, газ ва маҳсӯлоти петрошимӣ аз Эронро ба сифр бирасонанд.

Бисёре аз кишварҳои ҷаҳон аз ҷумла Чин, Русия ва Туркия дар мухолифат бо тасмими раисиҷумҳури Амрико эълом кардаанд, аз хостаи Доналд Трамп пайравӣ намекунанд.