Рӯҳонӣ: Барномае барои дидор бо Трамп надорам
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i38313-Рӯҳонӣ_Барномае_барои_дидор_бо_Трамп_надорам
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар гуфтугӯ бо шабакаи телевизионии Эн Би Сии Амрико гуфт, дар сафар ба Ню-Йорк барномае барои дидор бо раиси ҷумҳурии Амрико надорад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Сентябр 25, 2018 11:56 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Барномае барои дидор бо Трамп надорам

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар гуфтугӯ бо шабакаи телевизионии Эн Би Сии Амрико гуфт, дар сафар ба Ню-Йорк барномае барои дидор бо раиси ҷумҳурии Амрико надорад.

Ҳасани Рӯҳонӣ, ки барои ширкат дар ҳафтодусевумин нишасти Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ба Ню-Йорк рафтааст, рӯзи душанбе ба вақти маҳаллӣ, дар мусоҳиба бо шабакаи Эн Би Си таъкид кард, ки барномае барои дидор бо Доналд Трамп надорад ва асосан раиси ҷумҳурии Амрико шароитеро ба вуҷуд наёварда, ки фазои чунин дидоре эҷод шавад.

Рӯҳонӣ гуфт, агар фарде монанди Трамп алоқае ба музокира, гуфтугӯ ва пешрафт дар равобит дорад, набояд аз ҳарбаи таҳрим ва таҳдид истифода кунад.

Раисҷумҳури Эрон афзуд, замоне, ки давлате ҳама тавони худро алайҳи давлати дигар ба кор мегирад, маънояш ин аст, ки иродаи лозим барои ҳаллу фасли масоилро надорад.

Рӯҳонӣ дар посух ба пурсише дар бораи мизони асаргузории таҳримҳо бар иқтисоди Эрон низ изҳор дошт: Таҳрим аз як сӯ фишор ба мардуми мо буда, вале аз сӯйи дигар замина барои содирот беҳтар шудааст.

Ҳамчунин раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бораи ҳузури Эрон дар Сурия гуфт, ҳузури мушовирони Эрон дар Сурия аз ибтидо ба дархости давлати қонунии ин кишвар буда, бинобар ин ҳар вақт, ки терроризм дар Сурия поён пазирад ва давлати Димишқ эълом кунад, ки ниёзе ба кумак надорад, мондани Эрон ҳам дар Сурия лузуме надорад.