Теҳрон мизбони нахустин нишасти дабирон ва мушовирони амниятии миллии минтақа
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i38329-Теҳрон_мизбони_нахустин_нишасти_дабирон_ва_мушовирони_амниятии_миллии_минтақа
Нахустин нишасти дабирон ва мушовирони амниятии миллии кишварҳои минтақа бо унвони “Гуфтугӯи амниятии минтақаӣ” имрӯз (чаҳоршанбе) дар Теҳрон баргузор мешавад.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Сентябр 26, 2018 10:34 Asia/Dushanbe
  • Теҳрон мизбони нахустин нишасти дабирон ва мушовирони амниятии миллии минтақа

Нахустин нишасти дабирон ва мушовирони амниятии миллии кишварҳои минтақа бо унвони “Гуфтугӯи амниятии минтақаӣ” имрӯз (чаҳоршанбе) дар Теҳрон баргузор мешавад.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, ин нишасти якрӯза бо ҳузури дабирон ва мушовирони амнияти миллии кишварҳои Эрон, Русия, Чин, Ҳинд ва Афғонистон ва ба ибтикор ва мизбонии дабирхонаи Шӯрои олии амнияти миллии Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор мешавад.

Тақвияти ҳамбастагии қудратҳои минтақаӣ дар мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ, муаррифии терроризм ва ифротигарӣ ба унвони умдатарин таҳдид ва омили бесуботӣ дар минтақа, ниҳодинасозии ҳамкориҳои минтақаӣ ба унвони беҳтарин ва танҳо роҳи муқобила бо чолишҳо ва таҳдидҳои минтақаӣ аҳдофи аслии баргузории ин нишаст эълом шудааст.

Ҳамчунин ҳамфикрӣ, ройзанӣ, табодули таҷрибиёт ва эҷоди механизми ҳамкории ҷамъӣ дар баробари таҳдидоти ҷадиди ДИИШ пас аз шикаст дар Ироқ ва Сурия аз аҳдофи ин нишаст аст.

Дар ҳошияи ин иҷлос низ мақомоти амниятии ширкаткунанда дар нишаст ройзаниҳои дуҷониба хоҳанд дошт.