Рӯҳонӣ иддаои Трампро рад кард+филм
Раисҷумҳури Эрон дар мусоҳиба бо шабакаи CNN-и Амрико, иддаои даъват аз Трамп барои дидорро рад кард.
Ҳасани Рӯҳонӣ дар гуфтугӯ бо Кристияни Амонпур аз шабакаи CNN-и Амрико, дар вокуниш ба твити Трамп, ки навишта буд, ба рағми дархостҳои бисёр, алоқае ба дидор бо Рӯҳонӣ надорад, гуфт: На имсол ва на порсол дархосте барои мулоқот бо Раисҷумҳури Амрико надоштем ва аз худи Трамп бояд пурсид, ки чи касоне аз ӯ барои гуфтугӯ дархост кардаанд.
Рӯҳонӣ афзуд: “Соли гузашта аз тарафи мақомҳои амрикоӣ ҳашт бор барои мулоқот бо Трамп дархост шуд, аммо ман ин мулоқотро муносиб намедидам ва акнун низ муносиб намебинам”.
Раисҷумҳури исломии Эрон гуфт: Мулоқоту гуфтугӯ бояд замоне анҷом шавад, ки барои ҳар ду кишвар муфид бошад, аммо дар шароити феълӣ мулоқот на муносиб аст ва на муфид.
Раисҷумҳури Эрон дар бораи ибрози назари Трамп, ки ӯро “марде дӯстдоштанӣ" хонда буд гуфт: “Ончи муҳим аст ин аст, ки раҳбарони ду кишвар ба фикри манофеи муштарак бошанд ва қадамҳое бардоранд, ки аз печидагиҳо дар равобити ду кишвар бикоҳад, бақияи матолиб танҳо лаффозӣ аст ва моро ба ҷое намерсонад”.
Рӯҳонӣ ҳамчунин дар бораи майли Амрико барои музокираи дубора бо Эрон дар мавзуи ҳастаӣ гуфт: То тавофуқи ҳастаии мавриди тайид ва ҳимояти Шӯрои амнияти Созмони милал ба таври комил ва дақиқ ба иҷро дарнаояд, ҷои суҳбат дар бораи ҳеҷ музокираи дигаре нест.