Октябр 06, 2018 19:27 Asia/Dushanbe
  • Дастёбии Эрон ба дониши фаннии сохти муҳаррики ҳавопаймо

Мутахассисон ва муҳандисони эронӣ ба дониши фаннии сохти муҳаррик (матор)-и ҳавопаймо даст ёфтаанд.  

Ба гузориши шабакаи хабарии ал Олам, Манучеҳри Мантиқӣ, дабири Ситоди тавсеаи ҳавоӣ ва ҳавонавардии муовинати илмӣ ва фанноварии раёсати Ҷумҳурии Исломии Эрон, гуфт, ҳавопаймо бо онки як маҳсули байналмилалӣ  аст, аммо дар бахши сохти муҳаррик(матор) бояд аз дониши фаннии дохилӣ баҳра бурд, ки Эрон ба ин дониш даст пайдо кардааст.

Мантиқӣ афзуд, хариди ҳавопаймо ва дарёфти фанновариҳои муртабит ба ҳавзаи ҳавоӣ ва ҳавонавардӣ бояд дар канори ҳам анҷом шавад ва ин роҳе аст, ки ҳамаи кишварҳои ҳавопаймосоз тай кардаанд.

Эрон чанде пеш низ дар заминаи таъмир ва нигаҳдории анвои ҳавопаймо ба худкафоӣ расид.

 

Барчасп