Октябр 10, 2018 18:45 Asia/Dushanbe
  • Иртиқои 15 рутбаии забони форсӣ дар ҷаҳони илм

Сарпарасти пойгоҳи истинодии улуми ҷаҳони ислом ISC аз иртиқои 15 рутбаии забони форсӣ дар ҷаҳони илм хабар дод.  

Муҳаммадҷаводи Деҳқонӣ дар ҳошияи маросими ифтитоҳияи сездаҳумин гирдиҳамоии байналмилалии анҷумани тарвиҷи забон ва адаби форсӣ дар Шероз дар ҷануби Эрон гуфт: Вазъияти забони форсӣ аз 1997 то поёни 2017 дар пойгоҳи байналмилалии Скопус нишон медиҳад, ки интишори мадорики илмӣ ба забони форсӣ дар ду даҳаи гузашта беш аз 40 баробар шудааст.

Ба гуфтаи Деҳқонӣ, рутбаи ҷаҳонии забони форсӣ низ дар ин муддат бо 15 пилла беҳбуд, аз рутбаи сиюм ба понздаҳум расидааст.

 

Барчасп