Октябр 13, 2018 17:34 Asia/Dushanbe
  • Дастёбии  муҳаққиқони эронӣ ба формулаи тавлиди як модаи муҳимми петрошимӣ

Муҳаққиқони эронӣ муваффақ ба тавлиди панҷ бахши "пропилен" ва "полиэтилен" (Propylene-Polyethylene) шуданд, ки пеш аз ин дар инҳисори ду кишвари Амрико ва Италия буд.

"Пропилен" яке аз маҳсулоти калидии петрошимӣ аст, ки ба унвони хӯрок барои тавлиди полимирҳои мухталиф ва маҳсулоти миёнӣ ба кор меравад.

Ҳамчунин, аз "полиэтилен" барои тавлиди анвои қитъаҳои палостикӣ, анвои лӯлаи полиэтилен, варақҳои полимирӣ, алёф, зуруфи бастабандии мавод ва кисаҳои палостикӣ, истифода мешавад.

Ба гузориши ИРНА, Ҳусайни Мирофазлӣ, мудиромили муҷтамаи петрошимии Ҷам бо баёни ин ки 13 маҳсули ҷадид бо тавони мутахассисони дохилӣ дар ин петрошимӣ тавлид мешавад, афзуд, муҷтамаи петрошимии Ҷам (ҷануби Эрон), ба унвони сеюмин ширкат дар ҷаҳон дар тавлиди 5 бахши "пропилен" ва "полиэтилен" аст.

Маҳсулоти тавлидии петрошимии Ҷам дар тавлиди зарфҳои ошпазхона, саноати ғазоӣ, доруӣ, пизишкӣ, бастабандӣ, тавлиди кафпӯш, мукет ва санъати нассоҷӣ корбурд доранд.

Ҳамчунин, ин маҳсулот ба кишварҳое аз ҷумла Туркия, Русия, кишварҳои Осиёи Марказӣ, Чин, Ҳинд ва Аврупо содир мешавад.

 

 

Барчасп