Октябр 14, 2018 14:25 Asia/Dushanbe
  • Ҷойгоҳи чаҳоруми Эрон дар тавлиди илми нанои ҷаҳон

Муовини илмӣ ва фановарии раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт: Эрон дар тавлиди мақолаҳои илмӣ дар заминаи нано дар ҷойгоҳи чаҳоруми ҷаҳон қарор дорад.

Сурно Сатторӣ муовини илмӣ ва фановарии раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи шанбе дар ҳошияи ёздаҳумин намоишгоҳи фановарии нано дар гуфтугӯ бо "Эрон-пресс", бо ишора ба ҷойгоҳи бартари Эрон дар ҳавзаи тавлиди илми нано дар ҷаҳон, тасреҳ кард: Шабакаи ҳамкориҳои байналмилалӣ бо ҳузури мутахассисон ва сармоягузорони хориҷӣ дар ин ҳавза барқарор шудааст.

Ёздаҳумин намоишгоҳи фановарии нано рӯзи шанбе дар Теҳрон оғоз ба кор кард ва то 16 октябр барпо хоҳад буд.

Маҳсулоти фановарии нанои Эрон то кунун ба 49 кишвари ҷаҳон, содир шудааст.

Бар асоси ин гузориш, ҳудуди 50 дарсади мақолаҳои муртабит бо фановарии нано дар соли 2017 тавассути кишварҳои Чин, Амрико, Ҳинд, Эрон ва Кореяи Ҷанубӣ тавлид шуда ва бар ин асос Эрон бо тавлиди беш аз 8 ҳазор мақола, рутбаи чаҳоруми тавлиди илм ва фановарии наноро ба худ ихтисос додааст.

 

Барчасп