Сармақолаи муштараки рӯзномаҳои Эрон хитоб ба рӯзноманигорони ҷаҳон
Чандин рӯзномаи эронӣ, матнеро бо унвони «дифо аз озодӣ» ба унвони сармақолаи муштараки рӯзи душанбеи худ мунташир карданд.
Рӯзномаҳои “Иттилоот”, “Эрон”, “Ҳамшҳрӣ”, “Шаҳрванд”, “Созандагӣ”, “Ибтикор”, “Фурсати имрӯз” ва “Баҳор” дар ин сармақолаи муштарак, бо таъкид бар зарурати таваҷҷуҳи ҷаҳониён ба паёмадҳои хориҷ шудани Амрико аз тавофуқи ҳастаӣ (БАРҶОМ) бо Эрон эълом карданд, хурӯҷи Амрико аз БАРҶОМ, як рафтори ғайри диплмотӣ ва ғайри ахлоқӣ ва таҳримҳои золимона алайҳи миллати Эрон куниши душманона, боварнопазир ва мухолиф бо қатъномаҳои Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид аст.
Ин сармақола меафзояд, Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико илова бар таҳрими миллати Эрон, миллатҳои дигарро дар сурати муомила ва мубодила бо Эрон таҳдид ба муҷозот карда, ки ин иқдом салби «ҳаққи озодии баҳрамандӣ аз муомила ва мубодила» аст.
Дар идомаи сармақолаи муштараки рӯзномаҳои эронӣ омадааст, ҳамонтавр, ки мардуми ҷаҳон аз фоидаҳои бешумори андешаи ҳакимон ва дониши донишмандони бузурги эронӣ ҳамчун Ибни Сино, Хоразмӣ, Хайём, Розӣ, Саъдӣ ва Мавлоно баҳра мебаранд, имрӯз ҳаққи баҳрамандӣ аз мавоҳиб(ҳадия)-и дониши башарӣ барои мардуми Эрон монанди дигар милали ҷаҳон, маҳфуз аст ва ҳеҷ давлате ҳаққ надорад ба баҳонае воҳӣ(беасос) ин ҳаққро аз миллати Эрон салб кунад.
Рӯзноманигорони эронӣ аз ҳамаи ҳамкорони озодандеши худ дар саросари ҷаҳон хостанд, бо шуҷоат, ҷасорат ва бидуни таъсирпазирӣ аз давлатҳо, дар баробари хадшадор кардани усули озодии инсонӣ биистанд ва сукут накунанд.