Октябр 17, 2018 17:21 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди раҳбари инқилоб бар зарурати иртиботи Эрон бо кишварҳои дорои рушди илмӣ

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бар зарурати иртиботи илмии Эрон бо кишварҳое, ки дар масири рушди ҷаҳишӣ дар илм қарор доранд, таъкид карданд.  

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар дидори нухбагони ҷавон ва истеъдодҳои бартари илмии Эрон, талош ва фаъолияти даҳҳо ҳазор нухба дар саросари кишварро тарсимкунандаи тасвире умедбахш ва воқеӣ аз Эрон хонданд.  

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ бо ишора ба нақш ва таъсиргузории нухбагони ҷавон дар барномарезии саҳеҳ барои оянда, пешрафти илмии Эрон ва ҷилав бурдани марзҳои дониши башарӣ, таомули мутақобил, дуҷониба ва ҷиддитари нухбагон ва низом, муроқибати ҳушмандона ва истифодаи саҳеҳ аз ганҷинаи нерӯи инсонии нухба ва тақвияти ҳуввият миллӣ ва ормонхоҳӣ дар маҷмуи нухбагони кишварро зарурӣ хонданд.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ таъкид карданд: Тасвирсозии ғалат ва манфӣ ва ноумедкунанда аз авзои Эрон муҳимтарин дастури кори имрӯзи душман аст, аммо тасвири воқеии кишвар дар маҷмуъ, нуқтаи муқобили тасвирсозии низоми султа аст.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ бо ишора ба таъсири нухбагон дар пешрафти илмии кишвар гуфтанд: “Агар аз лиҳози илмӣ пешрафт кунем, таҳдид душманони тамаддунӣ ва сиёсӣ ва иқтисодӣ доимӣ нахоҳад буд ва коҳиш хоҳад ёфт”.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ бо ишора ба саҳми андаки Эрон дар тавлиди ҷаҳонии илм қабл аз инқилоби исломӣ ва бист баробар шудани ин саҳм дар Эрони имрӯз гуфтанд: Иллати умдаи ақибмондагии илмӣ ва ахлоқӣ ва сиёсии Эрон дар даврони гузашта вуҷуди ҳукмронони бекифоят, дунёталаб, вобаста ва беурза буд, ки дар баробари миллат такаббур мефурӯхтанд ва ба фикри масолеҳи онон набуданд.

 

Барчасп