Октябр 21, 2018 10:24 Asia/Dushanbe
  • Эрон яке аз 9 кишвари бартари ҷаҳон дар заминаи сохти моҳвора

Раиси Созмони фазоии Эрон гуфт: Ҷумҳурии Исломии Эрон дар канори Русия, Амрико, Канада ва чанд кишвари аврупоӣ ҷузъи 9 кишвари бартари ҷаҳон дар заминаи сохти моҳвора аст.

Муртазо Барорӣ шомгоҳи шанбе дар гуфтугӯ бо шабакаи «Хабар»-и телевизиони Эрон гуфт: Созмони фазоии Эрон дар соли 2006 барои партоби моҳвора бо партобгарҳои хориҷӣ музокира кард, аммо ҳеҷ кадом аз кишварҳо ҳозир ба ҳамкорӣ бо Эрон нашуданд.

Барорӣ бо баёни инки Эрон дар соли 2017 дар муҳандисии фазо ба рутбаи 11 ҷаҳон расид, афзуд: Имрӯза Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ҳиммати мутахассисони дохилӣ дар партоби моҳвора ба марҳалае расидааст, ки метавонад моҳвораро дар баландии 500 километр аз сатҳи замин ва зовияи 50 дараҷа қарор диҳад.

Раиси созмони фазоии Эрон бо ишора ба ин ки Ҷумҳурии Исломии Эрон рутбаи аввали минтақа дар иқтидори илмиро доро аст, тасреҳ кард: Се моҳвора, ки дар донишгоҳҳои Шариф, Амиркабир ва Илму санъати Эрон тавассути мутахассисони дохилӣ сохта шудаанд, омодаи партоб ба фазо ҳастанд.

 

Барчасп