Октябр 22, 2018 15:27 Asia/Dushanbe
  • Марвориди Халиҷи Форс сабти ҷаҳонӣ шуд

Марвориди Халиҷи Форси Эрон дар Созмони ҷаҳонии моликияти фикрӣ сабт шуд.

Ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо; Сайид Маҳдии Солиҳӣ мудири кулли Дафтари моликияти санъатии Вазорати санъат, маъдан ва тиҷорати Эрон гуфт: Аз ин пас Халиҷи Форс ба таври расмӣ бар асоси санади сабти ҷаҳонии марвориди Халиҷи Форс дар Вайпо, фақат ба номи Халиҷи Форс номида  мешавад ва ҳеҷ кишваре наметавонад ғайр аз ин амал кунад.

Беҳтарин марворидҳои ҷаҳон дар Халиҷи Форс ёфт мешаванд.

Рози дурахшиши хоси марворидҳои Халиҷи Форс эҳтимолан ба хотири таркиботи вижаи оби шур ва ширини наздики хушкӣ аст.

Барчасп