Октябр 22, 2018 20:29 Asia/Dushanbe
  • Эрон; Ҳаштумин тавлидкунандаи абрешим дар ҷаҳон

Эрон ҳаштумин тавлидкунандаи бузурги абрешим дар ҷаҳон аст.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симои Эрон, Адили Сарвӣ, раиси Маркази навғондор (кирмакпарвар)-ии Эрон рӯзи душанбе гуфт, Ҷумҳурии Исломии Эрон бо тавлиди 120 тонна абрешим дар сол, дар рутбаи ҳаштуми ҷаҳон қарор дорад.

Сарвӣ афзуд, 90 дарсад абрешими ҷаҳон дар кишварҳои осиёӣ тавлид мешавад ба тавре, ки Чин бо тавлиди 142 ҳазор тонна дар рутбаи нахуст ва Ҳинд низ бо тавлиди 32 ҳазор тонна дар рутбаи дуввум қарор доранд.

Раиси Маркази навғондории Эрон гуфт, 96 дарсади парвариши кирми абрешими Эрон дар ҳафт устон анҷом мешавад, ки устони Гилон (шимоли Эрон) бо 40 дарсад ва Хуросони Разавӣ (шимоли шарқи Эрон) бо 30 дарсад ба тартиб, рутбаҳои аввал ва дуввуми навғондории Эронро ба худ ихтисос додаанд.

Адили Сарвӣ, раиси Маркази навғондории Эрон гуфт, бо парвариши кирми абрешим метавон, маводи аввалияи мавриди ниёзи саноати фаршбофӣ, пизишкӣ, низомӣ ва электроникро тавлид кард.

 

Барчасп