Октябр 26, 2018 16:50 Asia/Dushanbe
  • Хатиби ҷумъаи Теҳрон: Эрон мошини ҷангии Амрикоро мутаваққиф кардааст

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон гуфт, Ҷумҳурии Исломии Эрон мошин ҷанги Амрикоро мутаваққиф кардааст.

Ҳуҷҷатулислом валмуслимин Муҳаммадҳасани Абутробифард дар хутбаҳои намози ҷумъаи Теҳрон бо ишора ба сиёсатҳои давлати Доналд Трамп гуфт: Амрико дар муқобили Эрон қарор нагирифта, балки дар муқобили ду миллиард ҷамъияти ҷаҳон истодааст.

Ҳуҷҷатулислом валмуслимин Абутробифард гуфт: Мошини ҷангии Амрико ва Исроил ба гил нишастааст ва роҳбурди Эрон ин аст, ки монеи ҷанг шавад ва нагузорад, ки Амрико ба аҳдофи худ дар ин замина даст пайдо кунад.

Вай таъкид кард, бо ваҳдат ва қудрати кишварҳои исломӣ сояи шуми ҷанг аз минтақа пок хоҳад шуд.

Абутробифард гуфт: Режими манҳуси Арабистон, ки имрӯз фақат мавриди ҳимояти раиси ҷумҳурии Амрико аст, наметавонд ба ҷангафрӯзии ҷадид иқдом кунад.

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон ҳамчунин дар остонаи баргузории маросими арбаъини ҳусайнӣ ё чиҳилмин рӯз пас аз шаҳодат имом Ҳусайн (а) бо ёдоварии қиёми ошуро, ки ба ҷараёни инсонсоз дар таърихи ҷаҳон мубаддал шуд, ибрози умедворӣ кард, уммати исломӣ бо имон ва амали солеҳ, масири иззат ва саодатро он гуна, ки шоистаи ҷомеаи исломӣ аст, бипаймояд.

 

Барчасп