Табдили чарбии мурғ ба сӯхти дизелӣ тавассути устодони эронӣ
Сӯхти биодизел тавассути муҳаққиқони эронӣ бо табдили пиҳии мурғ ба дизел (солярка) сохта мешавад.
Ба гузориши Ситоди тавсеаи фанноварии нано, нафти хом аслитарин манбаи тавлиди дизел ба шумор меравад. Бо таваҷҷуҳ ба коҳиши рӯзафзуни манобеи нафтӣ, муҳаққиқон ҳамвора ба дунболи ҷойгузинии муносиб барои тавлиди сӯхт будаанд. Яке аз ин сӯхтҳо, биодизел аст, ки аз манобеи равғанӣ ва дар ҳузури котолист тавлид мешавад.
Доктор Ҳусайн Исмоилӣ, узви ҳайати илмии Донишгоҳи озоди исломии воҳиди Бушеҳр гуфт, дар тайи солҳои ахир ёфтани манбаи равғани арзонқимат ва ҳамчунин як котолисти муносиб ҷиҳати табдили равған ба биодизел аз аҳдофи муҳаққиқони ин ҳавза будааст.
Вай гуфт: “Мо дар тарҳи ҳозир бо суинтези як нанокотолисти ҷадид ва коро ва истифода аз пиҳии мурғ ба унвони манбаи равғанӣ, муваффақ ба тавлиди дизели зистӣ шудем”.
Вай афзуд: Аз он ҷое, ки дар ин тарҳ аз моддаи бемасрафи пиҳии мурғ ба унвони манбаи равғани тавлиди биодизел истифода шудааст, аз ин рӯ интизор меравад ҳазинаи тамомшудаи маҳсули ниҳоӣ коҳиши қобили таваҷуҳе дошта бошад.
Ҳамчунин ин маҳсул дар муқоиса бо дизели муштақшуда аз нафти хом олояндагии бисёр камтаре эҷод мекунад. Натоиҷи ин кор дар маҷаллаи “Fuel” бо зариби таъсири 4.908 ба чоп расидааст.