Октябр 30, 2018 18:06 Asia/Dushanbe
  • Зариф: Барои нахустин бор Аврупо дар пайи мубориза бо таҳрими Амрикост

Вазири умури хориҷии Эрон гуфт, нахустин бор аст, ки аврупоиҳо на танҳо алайҳи сиёсати Амрико изҳори назар мекунанд, балки ба дунболи ҷуброни таҳримҳо ҳастанд.

Муҳаммадҷаводи Зариф дар гуфтугӯ бо хабарнигори шабакаи CBS, ки ба Теҳрон сафар карда буд, дар бораи тарҳи Аврупо барои баҳраманд шудани Эрон аз манофеи БарҶОМ гуфт, аврупоиҳо ба дунболи тавсеаи фарояндӣ ҳастанд, ки таҳримҳои Амрикоро мутаваққиф ва онро ҷуброн кунад.

Зариф дар бораи хуруҷи Амрико аз БарҶОМ ва эъмоли дубораи таҳримҳо гуфт, амрикоиҳо ба таҳримҳо эътиёд доранд ва муътақиданд, ки таҳримҳо метавонанд тамоми мушкилоти онҳоро бартараф кунанд, аммо ин гуна нест. Вазири умури хориҷии Эрон тасреҳ кард: “Дуюним сол дар музокира бо қудратҳои бузург барои эҷоди БарҶОМ вақт сарф накардем, ки бароҳатӣ аз он хориҷ шавем, зеро медонем, ки тавофуқи беҳтаре вуҷуд нахоҳад дошт”. Вазири умури хориҷии Эрон бо киноя ба ҳунари муомилаи Доналд Трамп афзуд: “Метавонем ба раисҷумҳури Амрико бо ҳама маҳоратҳои музокиротии ӯ итминон диҳем, ки ин тавофуқ беҳтарин тавофуқ барои Эрон, Аврупо, Амрико, Русия, Чин ва тамоми ҷомеаи байналмилалӣ аст”. Вай дар бораи таҳримҳои чаҳоруми ноябр ҳам гуфт, амрикоиҳо мушкили бузургтаре нисбат ба ин таҳримҳо доранд, чаро ки пас аз он Эрон бар асоси барномаҳои худ ба онҳо посух хоҳад дод.

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, сешанбе, 8-уми май хуруҷи Вашингтон аз БарҶОМ ва бозгашти таҳримҳои ҳастаиро эълом кард (даври нахусти таҳримҳо аз 7 август ба иҷро гузошта шуд ва даври дувум низ 4 ноябр расман иҷроӣ мешавад). Ин иқдоми Трамп бо интиқодоти густурдаи ҷаҳонӣ, бавижа дигар тарафҳои имзокунандаи БарҶОМ рӯ ба рӯ шуд. Бритониё, Фаронса, Русия, Чин, Олмон ва Иттиҳоди Аврупо эълом карданд, ба БарҶОМ пойбанд буда ва аз он ҳимоят мекунанд.

 

Барчасп