Амрико 8 кишварро аз таҳримҳои нафтӣ алайҳи Эрон маоф кард
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i39164
Шабакаи Блумберг ба нақл аз мақомоти амрикоӣ гузориш дод, ки дар остонаи иҷрои таҳримҳои нафтӣ ва бонкӣ алайҳи Эрон, Вашингтон 8 кишварро аз таҳримҳои нафтӣ алайҳи Эрон маоф кардааст.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Ноябр 02, 2018 16:05 Asia/Dushanbe
  • Амрико 8 кишварро аз таҳримҳои нафтӣ алайҳи Эрон маоф кард

Шабакаи Блумберг ба нақл аз мақомоти амрикоӣ гузориш дод, ки дар остонаи иҷрои таҳримҳои нафтӣ ва бонкӣ алайҳи Эрон, Вашингтон 8 кишварро аз таҳримҳои нафтӣ алайҳи Эрон маоф кардааст.

Ба гузориши хабаргузории Форс, шабакаи хабарии Блумберг ба нақл аз манобеи огоҳ гузориш дод, ки Амрико дар иртибот бо таҳримҳои нафтӣ алайҳи Эрон, бо додани маофияти таҳримӣ ба 8 кишвар, аз ҷумла Кореяи Ҷанубӣ, Ҳинд ва Япония мувофиқат кардааст.

Бар асоси ин гузориш, Чин низ дар феҳристи кишварҳои маоф аз таҳрими нафтии Эрон аст.

Номи 4 кишвари дигар ҳанӯз мушаххас нашудааст.

Блумберг навишт: Муттаҳидони наздики Амрико, аз ҷумла Япония ва Кореяи Ҷанубӣ ба ҳамроҳи Ҳинд, ки вобастагии зиёде ба нафти Эрон доранд, ин маофиятро дарёфт кардаанд, аммо эҳтимол дорад листи комили ин маофиятҳо рӯзи душанбе мунташир шавад.

Пеш аз ин бештари кишварҳои харидори нафти Эрон, аз ҷумла харидорони осиёӣ дар пайи он буданд, ки аз таҳримҳои Амрико алайҳи Эрон, ба вижа барои хариди нафт ва фаровардаҳои газӣ маоф шаванд.