Ноябр 03, 2018 13:38 Asia/Dushanbe
  • Ҷети ҷангандаи эронии “Кавсар” ба тавлиди анбӯҳ расид

Дар маросиме бо ҳузури фармондеҳи кулли артиш ва вазири дифоъ ва пуштибонии нерӯҳои мусаллаҳи Эрон, нахустин ҷети эронӣ бо номи “Кавсар” ба марҳалаи тавлиди анбӯҳ расид.

Дар ин маросим аввалин ҷангандаи бумии пешрафтаи Эрон, муҷаҳҳаз ба сомонаҳои айроник ва контроли оташи бумии насли 4 бо номи “Кавсар” ба парвоз даромад.

Ин ҷанганда, ки ба дасти мутахассисон ва нухбагони созмони саноеи ҳавоии Вазорати дифоъ ва пуштибонии нерӯҳои мусаллаҳи Эрон сохта шудааст, дорои мазиятҳое ҳамчун баҳрагирӣ аз меъмории якпорчаи пешрафта ва айроник ва контроли оташ бо истифода аз шабакаи додаи диҷитоли низомии мутобиқ бо насли 4, баҳрагирӣ аз компютери муҳосиботи баллистики силоҳ ва сомонаи пешрафтаи нишонарав муқобили халабон ба манзури афзоиши диққати зарбаи силоҳ ва муҳиммот, баҳрагирӣ аз радари пешрафта ва чандманзураи контроли оташ ҷиҳати боло бурдани диққати кашфи аҳдоф ва таҳдидот ва баҳрагирӣ аз новбари дақиқ ба сурати радиоӣ ва мустақил ва истифода аз сомонаи нақшаи мутаҳаррики ҳушманд аст.

Ҳавопаймои “Кавсар” як ҳавопаймои ҷангандаи пешрафта бо маъмурияти пуштибонии наздики ҳавоӣ аст, ки ба сурати комилан бумӣ сохта шуда ва Эронро дар зумраи кишварҳои дорои фанноварии тарроҳӣ, сохти ҳавопаймо, ҷангандаҳои органик ва контроли оташи 94 қарор додааст.

 

Барчасп