Ноябр 04, 2018 18:55 Asia/Dushanbe
  • Ҳимояти иттиҳодияи Аврупо аз манофеи Эрон дар БАРҶОМ

Сафири Иттиҳодияи Аврупо дар Москва таъкид кард, ин иттиҳодия аз ҳеҷ талоше барои муҳофизат аз манофеи иқтисодии Эрон дар чорчуби БАРҶОМ дареғ нахоҳад кард.

Ба гузориши Интерфакс, Маркос Адрер бо интиқод аз иқдоми Амрико дар хуруҷ аз тавофуқи ҳастаии БАРҶОМ ва бозгардондани таҳримҳо алайҳи Эрон таъкид кард: Иттиҳодияи Аврупо ҳар коре, ки битавонад барои муҳофизат аз манофеи иқтисодии Эрон дар БАРҶОМ анҷом медиҳад.

Вай дар ин замина ба созу кори молии вижаи Аврупо барои ҳифзи равобити тиҷорӣ бо Эрон дар шароити таҳрим ишора кард.

Ба дунболи хуруҷи Доналд Трамп аз тавофуқи ҳастаии Эрон ва 5+1 дар моҳҳои ахир, кишварҳои аврупоӣ ба ҳамроҳи Русия ва Чин зимни мухолифат бо ин тасмими Вашингтон, бар лузуми ҳифзи БАРҶОМ ва ҳамчунин бархурдории Эрон аз манофеи иқтисодии ҳосил аз БАРҶОМ таъкид карданд.

Дар пайи он, ки давлати Амрико рӯзи ҷумъа бозгашти таҳримҳои ҳастаии Эронро аз 5 ноябр эълом кард, вазирони умури хориҷа ва дороии Олмон, Британия ва Фаронса ба ҳамроҳи масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо дар баёнияе муштарак аз пешрафти чашмгири созукори молии вижаи ин иттиҳодия барои ҳифзи равобити тиҷорӣ ва бонкии худ бо Эрон дар шароити таҳрим хабар доданд.

 

Барчасп